Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Маликаи занбӯрҳо”, зане бо либоси мардона. ВИДЕО


“Маликаи занбӯрҳо”, зане бо либоси мардона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

“Маликаи занбӯрҳо”, зане бо либоси мардона

Дар Афғонистон, ки бо сари қудрат омадани Толибон зиндагиву кор барои занон сахт шуд, баъзе аз бонувон, барои таъмини хонавода, роҳҳоеро пеша кардаанд, ки ба кор идома диҳанд.

Яке аз онҳо Ғунчагул занпӯрваре аз шаҳри Ҳирот аст, ки либоси мардона ба бар кор мекунад, то аз заҳри забони мардону Толибон эмин монад.

Ғунчагул, асалфурӯш дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, дастори сиёҳ бар сар ва либоси мардона бар тан мекунад. Барои эмин мондан аз муносибату рафторҳои табъизомез дар ҷомеа ҳуввияти занонаи худро зери либосҳои ҳамсараш пинҳон мекунад. Мисли мардон мотосикл меронад ва ба муштариёнаш дар бозорҳои Ҳирот асал мерасонад.

“Вақте бо либоси мардона берун мешавам, касе маро намешиносад, ки мард ҳастам ё зан ва хеле роҳат метавонам, кори худро анҷом бидиҳам. Ман орзу дорам, ки рӯзе як хонум бо як василаи шахсӣ худаш битавонад, сари кор равад,”—мегӯяд, ӯ.

Ғунчагули 36-сола дар миёни кӯдакони маҳалла, бо номи “Модари занбӯрҳо” маъруф аст. Дар канори шаҳри Ҳирот се қитъае барои занбӯрпарварӣ дорад ва худаш танҳо онҳоро нигоҳубин мекунад. Ӯ орзу дорад, ки рӯзе “Маликаи занбӯрҳо” дар Афғонистон ва ҷаҳон муаррифӣ шавад.

Аммо маҳдудиятҳои эҷодшуда барои занон, махсусан дар як соли гузашта, шояд нагузорад, Ғунчагул ба орзуяш бирасад.

Толибон, ки моҳи августи соли 2021 ба қудрат бозгаштанд, билофосила кору фаъолияти занонро маҳдуд карданд. Толибон гуфтанд, ки ҳуқуқи занонро дар доираи қонунҳои шариат таъмин мекунад, аммо онҳо ҳанӯз ҳам аз ҳаққи кор дар аксари идораҳо маҳруманд ва мактабҳои болотар аз синфи 6 ба рӯи духтарон баста аст. Бо вуҷуди ин ҳама, Ғунчагул ба кор идома медиҳад ва бовар дорад, ки занон бояд дар ҷомеа нақши фаъол дошта бошанд.

Ӯ гуфт: “Кӯҳҳое, ки ҷилави хонумҳо гузоштаанд, бояд бардошта бишавад. Бояд монеи хонумҳо нашаванд, чун як ватан фақат ба мард ниёз надорад. Ба зан ҳам ниёз дорад. Ман гуфтам, зан як пояи қавии кишвар аст. Вақте мо мегӯем, зан, ба ин маънӣ нест, ки зан фақат бояд хона биншинад, бачадорӣ кунад.”

Ғунчагул модари 7 фарзанд аст. Ҳамсараш барои кор ба яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рафтааст. Мегӯяд, аз набудани шавҳараш эҳсоси танҳоӣ мекунад, аммо саъй дорад, зиндагии фарзандонаш ширин бошад ва таъми талхи қашшоқиро начашанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG