Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо номи ҷиҳод занонро куштанд, парчамашонро намебардорам." ВИДЕО


Марзия паноҳҷӯи афғон дар Фаронса аст.
Марзия паноҳҷӯи афғон дар Фаронса аст.

Як духтари варзишгари афғон, ки моҳи ноябри соли гузашта Афғонистонро тарк карда буд, ҳоло ҳамроҳ бо тими Фаронса барои ширкат дар "Олимпиадаи Париж" омодагӣ мегирад.

Ӯ орзӯ дошт, дар сабқати ҷаҳонӣ Афғонистонро муаррифӣ кунад. Аммо ҳоло мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, зери парчами Толибон рақобат кунад.

Марзия Ҳомиди 20-сола, яке аз он занонест, ки соли гузашта бо омадани Толибон ба сари қудрат аз кишвар фирор кард. Ӯ аз моҳи декабр дар Париж зиндагӣ мекунад. Ин ҷо ӯ ба тими мунтахаби паноҳандаҳо, ки барои ширкат дар бозиҳои ҷаҳонии “Париж 2024” таъсис дода шуд, шомил гашт. Тими мазкурро Кумитаи байналмилалии Олимпӣ бо нишони пуштибонӣ аз паноҳандаҳои азиятдида таъсис додааст. Тими мунтахаби Фаронса оид ба таэквандо ҳам ба Марзия иҷоза додааст бо онҳо тамрин кунад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Марзия намехоҳад зери парчами Толибон қуваозмоӣ кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ӯ гуфт, “ҳар рӯз ду ё се маротиба машқ мекунад ва мехоҳад номи Афғонистонро баланд бардорад.”

Марзия дар оилаи афғонҳо дар Эрон ба дунё омадааст ва ҳанӯз аз 15-солагӣ ба тамрини таэквандо шурӯъ кардаааст. Соли 2019 ӯ ба Афғонистон баргашт ва ба тими мунтахаби кишвараш шомил шуд.

Дар чандин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар рақобат бо ҳамвазнҳои худ медали тилло ба даст овард. Ҳамидӣ орзӯ дошт, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами Афғонистонро боло бардорад, вале ҳоло намехоҳад барои Толибон ин корро кунад. “Ҳеҷ гоҳ ман дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами Толибонро намебардорам. Намедонам, ки оё дубора метавонам парчами Афғонистонро боло бардорам ё не. Ин фикр баъзан маро нороҳат мекунад. Зеро ин муҳимтарин орзӯи ман буд. Мехостам, ба ҷаҳониён нишон диҳам, ки зани афғон метавонад ҳар кореро, ки дилаш мехоҳад иҷро кунад,”—гуфт ӯ.

Ин духтари варзишгари афғон намехоҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро эътироф кунанд. Вай мегӯяд, то замоне, ки ин гурӯҳ Афғонистонро зери даст дорад, ӯ ба ватанаш барнамегардад.

"Ман ҳаргиз Толибонро қабул нахоҳам кард. Онҳо барои ман як гурӯҳи терористӣ ҳастанд, ки бо номи ҷиҳод дар тӯли 20 сол занони зиёдеро қатл карданд,"—гуфт ӯ.

Ҳамидӣ тасмим дорад, тамринро идома диҳад ва аз сабқати ҷаҳонӣ бо ғолибият баргардад. Агар муваффақ шуд, ин пирӯзии ӯ, чун як узви тими олимпии паноҳандаҳо ба ҳамтақдиронаш бахшида мешавад.

Толибон 15-уми августи соли гузашта Афғонистонро ғасб карданд ва ҳазорон нафар аз ин кишвар фирор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG