Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози занони Кобул ба қарори пӯшидани бурқа


Кобул, рӯзи 10-уми майи 2022
Кобул, рӯзи 10-уми майи 2022

Даҳҳо зан дар Кобул алайҳи қарори нави Толибон эътироз карданд. Ин гуруҳи тундрав пӯшидани ҳатмии бурқа ва аз сар то пой пӯшонидани бадан ва рӯи занонро тақозо мекунад.

Рӯзи 10-уми май, бо вуҷуди таҳдидҳову талошҳои гирифтани пеши роҳи занони эътирозгар, бонувони норозӣ ба ин қарор раҳпаймоӣ карданд.

Як ҷунбиши бонувон дар Афғонистон гуфт, “мо бо рафтори хашини Толибон рӯбарӯ шудем. Хеле тарснок буд... Онҳо ҳатто таҳдид карданд, ки агар мо як қадам пеш гузорем, 30 бор тир мекушоянд”.

Қарори нави Толибон рӯзи 7-уми майи имсол баромад ва он талаб мекунад, занҳову духтарон ҳангоми берун рафтан ҳатман бояд сару рӯ, ба истиснои чашмонашонро бипӯшонанд.

Дар Афғонистон пӯшидани рӯсарӣ як одати маъмулӣ аст, вале дар бисёр минтақаҳои шаҳри Кобул занҳо аз пӯшидани рӯяшон парҳез мекунанд.

Толибон таҳдид карданд, ки дар сурати итоат накардан ба ин талабот мардони хонаводаро ҷазо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG