Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба занон амр доданд, ки дигар бе ҳиҷоб нагарданд


Толибон гуфтаанд, беҳтарин шакли ҳиҷоб ҳамин бурқа аст

Толибон дар Афғонистон ба занони ин кишвар фармон додаанд, ки дигар аз хона бе ҳиҷоб ва ё бурқа берун наоянд, вагарна ҷазо мегиранд. Фармоне, ки хашми занони афғон ва ҳомиёни ҳуқуқро барангехт.

Дар фармони онҳо омадааст, ки “ҳиҷоб як амри шаръӣ ва расмӣ аст” ва бояд бечунучаро иҷро шавад. Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон рӯзи 7-уми май гуфт, фармони онҳо дар бораи ҳиҷоб дар натиҷаи пешниҳоди уламои динии кишвар содир шудааст.

Бар асоси ин фармон, вазорат вазифадор аст, то назорат кунад, ки ҳамаи занон дар Афғонистон ҳиҷоб ва ё бурқа бипӯшанд. Дар санади вазорат дар ин бора омадааст, ки “барои занони мусулмон, асил ва болиғ риояти ҳиҷоб фарзу зарурӣ аст.” Дар ин санад чодир, ё бурқаро беҳтарин шакли ҳиҷоб номида ва гуфтаанд, ҳар навъ либосе, ки баданро бипӯшонад ва ба он начаспида бошад, ҳиҷоб дониста мешавад.

Холид Ҳанифӣ раҳбари вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 7-уми май дар Кобул гуфт, онҳо талош мекунанд, бар асоси фармудаҳои ислом амал кунанд. Ӯ афзуд: “Барои мо усули исломӣ ва назарияи исломӣ муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст. Аз ҳар чизе метавонем, бигзарем, аммо аз як ҳукми ислом наметавонем бигзарем.”

Муҳаммад Шариф, яке аз рӯҳониёни дигари Толибон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, риояти ҳиҷоб на амри раҳбарони Толибон, балки амри илоҳӣ аст, ки бояд онҳо риояти онро таъмин кунанд. Дар санади Толибон дар риояти ҳатмии ҳиҷоб омадааст, агар зане ҳиҷоб напӯшад, хонаашро ёфта ба бузурги хона дар бораи ӯ тавсия диҳанд. Агар ин зан бори дуввум амри Толибонро иҷро накунаду бе ҳиҷоб бигардад, сарпарасти ин занро ба идораи пулис даъват мекунанд ва бори саввум ӯро се рӯз зиндонӣ мекунанд. Дар сурати идомаи саркашӣ занро дар додгоҳ муҳокима карда ва ҷазо медиҳанд.

Муқаррароти дигари Толибон дар бораи ҳиҷоб ин будааст, ки агар зане дар идораи давлатӣ кор кунад ва ҳиҷоби фармудаи онҳоро напӯшад, бояд аз кор ронда шавад.

Вокунишҳои байналмилалӣ ба фармони Толибон

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ фармони Толибонро, ки яке дигар аз фармонҳои онҳо дар бораи маҳрум кардани занони афғон аз ҳуқуқи худ аст, сахт танқид карданд. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як баёнияе дар рӯзи 8-уми май гуфт, ин эълони Толибон, ки занон бояд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пинҳон кунанд ва бидуни зарурат аз хона берун наоянд, ӯро бисёр нигарон кардааст.

Антонио Гуттереш дар як навишта дар саҳифааш дар Твиттер аз Толибон хостааст: “Ба тааҳудоти худ ба занону духтарони афғон пойбанд бошанд ва уҳдадориҳои худро бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва башарӣ иҷро кунанд.” Мақомоти Амрико фармони Толибонро саркӯбгароёна ва золимона хондаанд. Рино Амирӣ, намояндаи хоси вазорати умури хориҷии Амрико барои занони афғон дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст: “Толибон ба ҷойи расидагӣ ба буҳрони иқтисодӣ ва таъсиси ҳукумати ҳамашумул ба сиёсати зӯргуёнаи худ ба зидди занону духтарон идома медиҳанд.”

Толибон, ки моҳи августи соли гузашта ҳукуматро дар Афғонистон гирифтанд, аз ҳамон рӯзҳои аввал занони афғонро аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум карданд. Онҳо ҳамчунин амр доданд, ки занони афғон аз хона танҳо берун наоянд ва агар омаданд, ҳам бояд мард ва ё хешованди маҳраме бо худ дошта бошанд.

Ҷомеи байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостааст, ки ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром бигузоранд ва ба онҳо иҷоза бидиҳанд, ки мисли ҳама кору зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG