Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гумонбари аслии ҳамлаи Истанбулро боздошт кардааст


Мақомоти Туркия мегӯянд, ки гумонбари аслии ҳамлаи рӯзи якшанбе дар яке аз маҳаллаҳои сайёҳии шаҳри Истанбул як зан будааст. Пулиси ин кишвар гуфт, ки ҳамакнун ин занро боздошт кардааст. Дар ин ҳамла шаш нафар ҷон бохта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шабакаи телевизиони давлатии TRT рӯзи душанбеи 14-уми ноябр ба нақл аз Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гузориш дод, ки пулис фардеро, ки дар хиёбони "Истиқлол"-и Истанбул бомба гузошта буд, боздошт кардааст.

Бар асоси ин гузориш, фарди дастгиршуда ба Ҳизби коргарони Курдистон вобаста мебошад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо Ҳизби коргарони Курдистонро созмони террористӣ медонанд.

Пеш аз ин Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфта буд, ки бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ҳамлакунанда дар шаҳри Истанбул як зан будааст.

Рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр бар асари таркиш дар Истанбул дастикам 6 нафар ба ҳалокат расида, 81 нафар низ захмӣ шуданд. Мақомоти Туркия ин рӯйдодро ҳодисаи "террористӣ" номиданд.

Масъулияти рӯйдодро касе ё гурӯҳе ҳанӯз ба дӯш нагирифтааст.

Туркия дар солҳои 2015-2017 саҳнаи чандин инфиҷори хунин тавассути ДОИШ ва гуруҳҳои мусаллаҳи дигар будааст.

XS
SM
MD
LG