Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қирғизистонӣ 3 сол зери назорат хоҳад монд


Адилет Балтабой
Адилет Балтабой

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли шаҳрвандӣ Адилет Балтабойро ба даъват ба бетартибиҳои оммавӣ айбдор кард ва 3 сол зери назорат гирифт. Баъд аз қабули қарор Балтабойро аз толори додгоҳ озод карданд.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба вай 5 сол зиндон талаб карда буд.

Адилет Балтабой рӯзи 30-юми июни имсол барои бозпурсӣ ба пулис даъват шуд. Дертар расонаҳо хабар доданд, ки Балтабой ҳамон рӯз боздошт шудааст.

Адилет Балтабой, ки аз вай ба унвони блогер ёд мешавад, гуфт, боздошташ фишор ба озодии баён аст. Ӯ худро бегуноҳ номида буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG