Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз Аврупо хост, таҳримҳои зидди Усмоновро бекор кунад


Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Мақомоти Узбекистон аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) дархост кардаанд, ки таҳримҳо зидди олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов бекор карда шаванд.

Нашрияи "Financial Times" навиштааст, мақомоти узбек дар мулоқоти ахири худ бо намояндагони ИА гуфтаанд, таҳримҳои иттиҳод монеи сармоягузории олигарх дар иқтисоди Узбекистон мешаванд.

Манбаъ афзудааст, ки Тошканд ҳамчунин хостори бекор шудани таҳримҳо алайҳи хоҳари Усмонов - Гулбаҳор Исмоилова шудааст. Баъзе аз дороиҳои Алишер Усмонов, аз ҷумла киштии 600-миллиондолларии ӯ - "Дилбар" ба номи Исмоилова сабт шудаанд.

Алишер Усмонов зодаи Узбекистон аст ва бо ин кишвар равобити наздик дорад. Нашрияи FT менависад, ки агар Иттиҳоди Аврупо дархости бекор кардани маҳдудиятҳоро рад кунад, Тошканд омода аст дар мавриди мубориза ё давр задани таҳримҳо ба Усмонов кумаки ҳуқуқӣ расонад.

Дар Вазорати умури хориҷии Узбекистон ба "Financial Times" гуфтаанд, ки наметавонанд дархости ҳукумати ин кишварро шарҳ диҳанд, вале дар ҳақиқат таҳримҳо монеи сармоягузорӣ мешаванд.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG