Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздиконаш гуфтанд, "пойи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ аз ҳаракат мондааст"


Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Пайвандони Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, иддао доранд, ки пойҳояш аз ҳаракат мондааст. Вай 2-юми ноябр боздошт шуд.

Муҳаммадӣ Раҳмуатулло (Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич) соли 2016 ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуда, соле пеш бар асоси қонуни афв пеш аз муҳлат раҳо гардид. Сабаби боздошти дигарборааш маълум нест.

Яке аз наздиконаш, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ вақти дидор дар боздоштгоҳ шикоят кард, ки пойҳояш аз кор мондаанд ва роҳ гашта наметавонад. Як соли охир бо асобағал роҳ мерафт ва ҳамеша пойҳояш варам мекарданд."

Мақомоти тафтишотӣ сабаби боздошт ва бемории ин рӯҳониро шарҳ надодаанд.

Ба қавли пайвандонаш, мақомот ҳангоми боздошт гуфтаанд, бар асоси ҳукми додгоҳ ӯ ҳаққи суҳбатҳои диниро надошт, "аммо ба кораш давом дод". Онҳо бовар доранд, дар ҳеч ҷо шоҳиди суҳбатҳои динияш нашуданд.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳи 49-сола, фориғуттаҳсили факултаи шариати Донишгоҳи байнулмилалии исломии Покистон ва сокини маҳаллаи Чоряккорони шаҳри Душанбе, чаҳор фарзанд дорад.

Ӯ дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолияти равияи "Салафия" дар Тоҷикистон, яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" номид.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар аввали имсол мақомоти Тоҷикистонро танқид кард, ки сокинонро пайваста ба иттиҳоми "Салафия" боздошту зиндонӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG