Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди даҳҳо мансабдор ба артиш рафтаанд, вале якмоҳа ё дусола?


Гусели ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин. Акс аз бойгонӣ
Гусели ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки сафи фарзандони мансабдорон дар артиш зиёд шудааст, аммо аз ҳеч кас ном нагирифт.

Сомонаи ин ниҳод рӯзи 8-уми ноябр навишт, то охири моҳи октябр 124 писари кормандони идораҳои давлатии Тоҷикистон ба хидмат ҷалб шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки онҳо ба хидмати якмоҳаи пулакӣ рафтаанд ва ё ба хидмати муқаррарӣ.

Додситонии кул аз мансабдори мушаххасе ном набурда, вале гуфтааст, фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар ба артиш рафтанд.

Эълони хабари ба хидмат рафтани фарзандони мансабдорон дар ҳолест, ки сокинон ва матбуоти маҳаллӣ пайваста аз ҷалб нашудани фарзандони мақомдорон ба артиш ва нобаробарии иҷтимоӣ танқид мекунанд.

Моҳе пеш нашрияи "Пайк" рӯйхати 65 фарзанди мансабдори хурду миёнаи ноҳияи Ёвонро нашр кард, ки ба гуфтаи муаллифон солҳо боз аз даъват ба артиш халос мешаванд.

Бино ба омори Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта, беш аз 300 писари афроди мансабдор ба артиш рафтаанд, ки 19 нафар фарзандони кормандони додситонӣ будаанд.

Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва чанд зердасти ӯ ҳам соле пеш дар маросиме пайвандони худро ба артиш фиристода, аз мардум хоста буданд, ки монеи ба сарбозӣ рафтани фарзандон нашаванд. Сокинон аз ташаббуси ин мансабдорон ситоиш карланд, вале бархе онро як намоишкорӣ номиданд.

Ду сол пеш дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҷалби ҷавонон бар артиш тағйир ёфт. Бар асоси қонун, афроде, ки дар артиш хидмат намекунанд, имкони кор дар сохторҳои қудратиро нахоҳанд дошт. Аз ин рӯ, як далели аслии бештар шудани ҷалби писарони мансабдорон ба артишро дар тағйири қонун медонанд.

Маъмулан, аксари писарони мансабдорон талош мекунанд, дар ниҳодҳои интизомиву қудратӣ кор кунанд, вале бар асоси қонуни нав агар хидматӣ сарбозӣ накарда бошанд, ин кор имконпазир нахоҳад шуд.

Ҳоло маълум нест, ки писарони мансабдорон дар кадом шароит ба артиш рафтаанд ва дар кадом шаҳру навоҳӣ ва дар кадом қисмҳои ҳарбӣ хидмат мекунанд.

Дар Тоҷикистон тирамоҳу баҳор ҷавонон ба артиш ҷалб мешаванд ва пайваста ҷавонон аз ҷалби маҷбурӣ ё “облава” шикоят мекунанд. Мақомоти вуҷуди “облава”-ро рад мекунанд, вале пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, ҷавононро бо зӯр ба артиш мебаранд.

XS
SM
MD
LG