Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз президент афви 4 хабарнигорро хост


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Абдуқодир Талбаков), рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии Душанбе, хоҳони афви чаҳор хабарнигори боздоштшуда ва зиндонӣ шудааст.

Ӯ рӯзи 8-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хост, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ ва Далери Имомалиро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бибахшад.

Завқибек Саидаминӣ ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд. Баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода паси дарҳои баста идома дорад.

Мақомот онҳоро ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва нашри ахбори дурӯғ айбдор кардаанд. Худашон мегӯянд, гуноҳе надоранд ва зери шиканҷа баёнот доданд.

Пештар Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озодии фаврии онҳоро хоста буданд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар Фейсбук навиштааст, "Ҷаноби олӣ дарёдиланду дилогоҳу дилсӯз, аз ин рӯ, дар имтидоди 3 даҳсола ҳудуди 100 ҳазор муҷримро авф карданд... Тафтишоти мақомоту ҳукми судҳоро зери шубҳа намегузорем, хатову гуноҳу ҷиноётшон шояд аз ҷавонию камтаҷрибагию зери таъсири гуруҳеву ташкилотеву ҳизбею афроде бошад", вале аз ҳеч касу созмоне ном набурда.

Ба навиштааш, "онҳо дар Душанбе буданду ... ба адолат эътимод доштанд ва пайи ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ҷаҳд доштанд." Вай изҳороташро дар Фейсбук “аз номи фаъолони ҷамъиятӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ” номида, аммо аз афроди мушаххасе ном нагирифтааст.

Даҳҳо нафар дар зери навиштаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар Фейсбук шарҳ гузошта, аз он пуштибонӣ кардаанд. Шавкати Муҳаммад, яке аз намояндагони мухолифин, дар онҷо нигоштааст, “инҳо чӣ гуноҳ кардаанд, ки бояд авф шаванд? Бояд озодии онҳо ҳеҷ қайду шарте надошта бошад.”

Ҳафтае пеш ҳамсари Далери Имомалӣ дар номае аз раиси ҷумҳур озодии шавҳарашро хоста, то ҳанӯз посух нагирифтааст. Аз он пеш ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, монеи ба маҳбас андохтани шавҳараш шавад, аммо ҷавоб нагирифт. Дертар додгоҳ ӯро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта боздошту ҳабси Абдуллоҳ Ғурбатиро дуруст номид, ҳарчанд наздиконаш беасос медонанд.

Дар ним сол дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва то кунун чаҳор нафар зиндонӣ шудаанд. Муҳокимаи дигарон ҷараён дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG