Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Олмон аз киштии Алишер Усмонов 30 расмро мусодира кард


Киштии "Дилбар"
Киштии "Дилбар"

Пулиси Олмон аз дохили киштии Dilbar, ки ба сарватманди узбеки Русия Алишер Усмонов марбут аст, 30 расмро мусодира кардааст. Арзиши умумии расмҳо ҳадди ақал 5 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ин тасмим дар пайи иҷрои қонун дар бораи таҳримҳо гирифта шудааст: Усмонов вазифадор буд, ки дар бораи ҳамаи дороиҳои худ мақомоти Олмонро огоҳ кунад, аммо ин корро накардааст.

Киштии мазкур тирамоҳи соли 2021 барои таъмири куллӣ ба шаҳри Ҳамбурги Олмон фиристода шуд. Моҳи апрели соли 2022 пулиси Олмон киштиро ба ҳабс гирифт.

Расонаҳои Олмон менависанд, Усмонов ҳамзамон дар саркашӣ аз пардохти андозҳо ё молиёт гумонбар аст. Бино ба маълумоти Der Spiegel , аз соли 2014 то соли 2022 Усмонов аз пардохти андоз саркашӣ кардааст. ​

Усмонови 69-сола яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Русия аст. Бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes дар соли 2022, дороии Усмонов ба 14,6 миллиард евро баробар аст.

Моҳи феврали имсол, баъд аз ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, Усмонов, ҳамчун яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо монд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG