Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW мақомоти узбекро барои бархӯрди шадид бо эътирозгарон накӯҳиш кард


Қароқалпоқистон, 6-уми июли 2022 
Қароқалпоқистон, 6-уми июли 2022 

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, мақомоти қудратии Узбекистонро "ба истифодаи барзиёд ва беасоси чораҳои ҷавобӣ" ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамоиҳои тобистони имсол дар Қароқалпоқистон айбдор кард.

Ин созмон аз мақомоти Узбекистон даъват кард, ки ҳодисаҳои Қарақалпоқистон ва рафтори мақомоти қудратиро таҳқиқ кунанд.

Human Rights Watch навиштааст, мақомоти қудратӣ бесабаб дар парокандасозии гирдиҳамоии рӯзҳои 1 ва 2-юми июл дар Қароқалпоқистон аз "силоҳи оташфишон ва норинҷакҳои мухталиф кор гирифтаанд".

Ин навъи аслиҳа, бино ба гузориши созмони Human Rights Watch, метавонад, боиси ҷароҳат ва куштори одамон гардад. Дар ҷараёни пароканда кардани гирдиҳамоӣ дастикам 21 кас кушта, зиёда аз 270 нафар захмӣ шудаанд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қароқалпоқистон дар охири моҳи июн ва ибтидои моҳи июли соли 2022, баъд аз он сар шуд, ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон нашр гардид. Бино ба тарҳи нав, вожаи "мухтор" аз мақоми Қароқалпоқистон гирифта шуда ва ин ҷумҳурӣ аз ҳаққи берун шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум мегардид.

Рӯзи 1-уми июл дар пойтахти Қарақалпоқистон шаҳри Нуқус ҳазорон нафар ба кӯча баромаданд. Рӯзи 2-юми июл дар онҷо вазъи фавқулода эълон шуд. Баъди ин эътирозҳо дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон мақоми мухтори Қароқалпоқистон ҳифз гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG