Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои январӣ: 29 қудратии қазоқ дар шиканҷаи гумонбарон айбдор мешаванд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳудуди 20 корманди мақомоти интизомии Қазоқистон дар шиканҷа ва азияти гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар айбдор мешаванд. Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон Елдос Қилимҷонов 7-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Ду парвандаи ҷиноӣ зидди ҳашт корманди пулис аз рӯи далелҳои истифодаи усулҳои ғайриқонунии тафтишот дар шаҳрҳои Талдиқӯрғон ва Алмато ба додгоҳ ирсол гардидааст", - гуфт Қилимҷонов, аммо ӯ ҳангоми суханронӣ калимаи "шиканҷа"-ро истифода набурд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, 20 гумонбари дигар дар ҳоли ҳозир бо парвандаҳои худ шинос мешаванд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Алмато 25 боздоштшуда дар робита ба ҳодисаҳои январ шиканҷа шудааст ва 15 корманди ниҳодҳои интизомӣ дар "истифодаи усулҳои ғайриқонунии тафтишот" айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG