Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ гуфт, мухолифон аз Украина ҳимоят мекунанд


Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, Русия мехоҳад, дигарбора Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад.
Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, Русия мехоҳад, дигарбора Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар як анҷумани мухолифони давлати Русия дар Лаҳистон гуфтааст, ҳамлаи Русия ба Украина нишон дод, ки озодӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам таҳти хатар қарор дорад.

Дар анҷумане, ки баргузоркунандагонаш онро “Нахустин анҷумани вакилони мардумии Русия” номидаанд , Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси меҳмон ҳузур ёфта ва дар он гуфтааст: “То замоне, ки дар минтақа кишваре бо андешаҳои империалистӣ вуҷуд дорад ва дар атрофаш режимҳои дастнишонда, истеъморӣ ва диктаторӣ аксарият ҳастанд, озодӣ ва истиқлоли мо доим дар хатар аст.”

Анҷумани мухолифони давлати Русия дар ноҳияи Яблонна рӯзи 5-уми ноябр оғоз ёфт ва дар он вакилоне ҷамъ омадаанд, ки дар солҳои гуногун дар интихоботҳои эътирофшуда аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ дар Русия вакил интихоб шудаанд. Онҳо даъво доранд, ки дар сурати тағйири ҳукумат дар Маскав нақши порлумонро иҷро мекунанд.

Матни суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар вебсайти Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, як минбари мухолифони ҳукумат нашр шудааст ва суханронии ӯ дар пахши мустақими анҷуман низ дида мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷо мегӯяд: “Мо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки инҷо ҳастем, дар ниҳоят мутақоид шудем, ки баъди Украина, кишварҳои дигари минтақаро айни сарнавишт интизор аст. “ Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, рафторҳои ҳукумати Русия баёнгари он аст, ки ин кишвар азм дорад, “Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад, дигар ҷумҳуриҳои собиқро тобеъ намояд, ҳимоят аз ҳукуматҳои дастнишондаи худро қавитар карда ва бадтар аз ҳама тамоми ҷараёну ҳаракатҳоеро, ки барои истиқлоли милливу давлатӣ мекӯшанд, нобуд кунад.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ин анҷуман ҳамчунин гуфтааст, ки мухолифони давлат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд ба мардуми Украина барои расидан ба озодӣ кумак кунанд. Дар нутқи расмии Кабирӣ омадааст: “Мо намояндагони мардумони шӯравии собиқ ва ҳозирони ин анҷуман низ ба ин қарор омадем, ки барои пирӯз шудан ба Украина кумак кунем, ба Русия кумак кунем, ки озоду демократӣ шавад ва ба мардумони худ кумак кунем, ки барои истиқлол мубориза баранд ва дар ин мубориза пирӯз шаванд.

Русия, ки моҳи феврали имсол ба Украина ҳамла кард, ҳарчӣ бештар дар инзивои байналмилалӣ қарор мегирад. Маскав моҳи гузашта бо баргузории раъйпурсӣ дар вилоятҳои Запорожйе, Луганск, Донетск ва Херсонро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Раъйпурсиро кишварҳои ғарбӣ ва Созмони Милал “сохта” ва Украина онро ботилу беарзиш номидааст.

XS
SM
MD
LG