Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, 318 ҳазор нафарро ба ҷанги зидди Украина ҷалб кардаанд


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, аз 318 ҳазор нафаре, ки дар маъракаи сафарбарӣ ба артиш ҷалб шуда буданд, 48 ҳазор нафараш дар ҷанги зидди Украина ҳузур доранд.

Ӯ ин ҳарфро рӯзи 4-уми ноябр ҳангоми мулоқот бо ихтиёриён дар Майдони Сурх ба забон овард.

Тибқи нақша бояд 300 ҳазор нафар ба артиш ҷалб мешуд. Путин гуфтааст, 18 ҳазор нафар худашон ихтиёрӣ ба артиш омадаанд.

Путин ба тозагӣ қонунеро имзо кард, ки бар асоси он имкон дорад, афроди дорои доғи судӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин низ ба ҷанги зидди Украина сафарбар мешаванд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳуҷум кард. Ҳазорон низомиашро дар ин ҷанг аз даст дод. Ҳоло пешравие дар ин ҷанг надорад.

XS
SM
MD
LG