Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ширкатдорони эътирозҳои моҳи январро афв кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо имзои қонуне 1,5 ҳазор иштирокчии эътирозҳои моҳи январри соли ҷориро афв кард.

Қонун раҳоии фаврии 40 зиндонии эътирозҳои моҳи январро пешбинӣ мекунад. Инчунин 50 зиндонии дигар бояд давоми ним сол аз зиндон раҳо шаванд.

Ба илова, кормандони мақомоти қудартӣ ва низомиҳое шомили афв шуданд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ ҷиноят содир карданд.

Пештар аз ин ҳомиёни ҳуқуқ гуфта буданд, қонуни афв ба низомиҳое имкони фирор аз ҷазоро медиҳад, ки дар ҳодисаҳои январӣ сӯи афроди бесилоҳ тир кушода ва боздоштшудаҳоро шиканҷа карда буданд.

Мақомоти Қазоқистон моҳи июни соли ҷорӣ хабар дода буданд, ки дар ҳодисаҳои январӣ дар саросари Қазоқистон 230 кас кушта шудааст.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон 4 январ шуруъ шуд. Дар ибтидо баҳона болоравии қимати газ буд, аммо баъдтар эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Эътирозҳо рӯзи 7 январ бо беназмиҳо дар шаҳри Алмато ва чанд шаҳри дигари бузургтари Қазоқистон хотима ёфтанд.

XS
SM
MD
LG