Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маъракаи эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон зидди бемории роҳҳои нафас


Аз аввали моҳи ноябр маъракаи эмкунии кӯдакони то яксола бар зидди бемории пневмоккокӣ ё роҳҳои нафас оғоз меёбад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар до, ки истифодаи ваксина барои коҳиш додани оризаю бемориҳо, аз қабили менингит, сепсис ва пневмония дар миёни атфол мусоидат мекунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии вазорати тандурустӣ рузи 31-уми октябр дар нишасте дар Душанбе гуфтааст, ваксинаи зидди сирояти пневмоккокӣ ба тақвими миллии эмкунӣ ворид карда шуд.

Ҳамакнун бар асоси ин тақвим, ҳар як кудак бояд ваксинаи зидди сирояти пневмоккокиро дар се давра дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул кунад. Кӯдаконе, ки алакаай се моҳа, панҷ ё 11 моҳа ҳастанд, наметавонанд ин ваксинаро бигиранд.

Мақомот дар шимоли Тоҷикистон гуфтаанд, танҳо дар 9 моҳи аввали соли равон беш аз 53 ҳазор кӯдаку навраси то 18-сола гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас шудаанд. Ба гуфтаи мақомдори Бахши тандурустии вилояти Суғд, дар ин муддат бар асари бемории илтиҳоби шуш 16 кӯдак ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG