Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабхонҳо дар Тоҷикистон ба таътили даҳрӯза баромаданд


Шурӯъ аз имрӯз, 1-уми ноябр дар Тоҷикистон хонандагони мактабҳо ба таътили даҳрӯза баромаданд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода ва гуфтааст, таътили тирамоҳӣ то 10-уми ноябр идома мекунад. Ба таъкиди вазорат, давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз тақрибан 300 номгӯй барои хониши беруназсинфии толибилмон тартиб дода шудааст, истифода намоянд. Ҳамчунин вазорат тасмим гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ҷалб намояд. Дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG