Маъмурони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодиро пинҳонӣ аз наздикон ва дур аз зодгоҳаш дафн кардаанд.
Вай рӯзи 17-уми октябри имсол бар асари бемории саратон дар 45-солагӣ дар Берлин даргузашт. Ҷасадашро 25-уми октябр аз Олмон ба Эрон фиристоданд.
Пайвандонаш гуфтанд, шаш соли охир ӯро надида буданд ва барои дафнаш иҷозаи расмӣ гирифтанд, вале маъмурони амниятии Эрон тобути Ризо Ҳақиқатнажодро дар фурудгоҳи Шероз рабуда, хешу таборашро аз дидори охирин бо ӯ маҳрум карданд.
Хонаводаи Ризо Ҳақиқатнажод рӯзи 29-уми октябр бо интишори баёнияе хабар дода буданд, ки "талоши онҳо барои пас гирифтани пайкари ӯ аз маъмурони амниятӣ" ба натиҷа нарасидааст.
Онҳо ҳамчунин таъкид карда буданд, ки "хостаи инсонии мо буд ва ҳаст, ки пас аз ин ҳама сол фироқ аз сари иҷбор пайкарашро дар зодгоҳаш ба хок бисипорем."
Бегимҷон Раисӣ, модари Ризо Ҳақиқатнажод, пештар дар паёме видеоӣ хоҳони расонда шудани садояш ба мардуми кишвар шуда буд.
"Шаш сол бачаамро надидам. Шаш моҳ мариз буд, ҳеч хабар надоштем. Алъон иҷоза доданд, ки ба кишвар биорем, вале Сипоҳ ё нерӯи интизомӣ бачаамро рабуданд. Дарди дили маро гӯш кунед. Ин хости модаре аст, шаш сол писарашро надидааст," – паём дода буд ӯ.
Рабуда шудани ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод ба дасти маъмурони Сипоҳ дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳоро барангехт. Шумори чашмгире аз одамон дар миёни эътирозҳои саросарӣ ин иқдоми Ҷумҳурии Исломиро навъе "интиқомгирии ҳукумат аз равшангариҳои Ризо Ҳақиқатнажод" номиданд.
Ҳудуди 150 рӯзноманигор дар баёнияе аз расонаҳову созмонҳои мудофеи озодии баёну ҳуқуқи башар тақозо кардаанд, "аз ҳар аҳруме, ки дар тавон доранд, истифода кунанд, то Ҷумҳурии Исломӣ натавонад ин шева аз саркӯб ва ситаму сонсурро ҳатто пас аз марги афрод бар оилаҳои онҳо раво бидорад."
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ибрози нигаронӣ аз рабуда шудани ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод ба дасти маъмурони Сипоҳ хоҳони бозгардондани фаврии ӯ ба хонаводааш шуда буд.
Ҳақиқатнажод, ки аз рӯзноманигорони зубдаи сиёсӣ буд, се сол пеш ба Радиои Фардо пайваста, дар ин муддат ҳамвора ба асли итилоърасонии саҳеҳу шаффоф ва муқобила бо хабарҳои нодуруст пойбанд буд.
Гуфтугӯ