Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризо Ҳақиқатнажод, ҳамкори Радиои Озодӣ, аз саратон даргузашт


Ризо Ҳақиқатнажод
Ризо Ҳақиқатнажод

Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, шаби 16-уми октябр бар асари бемории саратон дар Берлин даргузашт. Вай 45 сол дошт. Ҳақиқатнажод рӯзноманигориро дар нашрияҳои маҳаллии Эрон оғоз карда, сипас, ба расонаҳои байнулмилалӣ роҳ ёфт. Дар пайи саркӯбҳои афзун чанд сол пеш Эрон тарк карда, дар хориҷа мезист. Шаш моҳ боз дар Прагаву Берлин аз бемории саратон муолиҷа мегирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG