Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Ризо Ҳақиқатнажод: “Ҷасадаш ҳамоно нопадид аст”


Ризо Ҳақиқатнажод дар синни 45-солагӣ аз саратон даргузашт
Ризо Ҳақиқатнажод дар синни 45-солагӣ аз саратон даргузашт

Аъзои хонаводаи хабарнигори даргузаштаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо нашри изҳороте рӯзи 29-уми октябр гуфтанд, ки тамоми талошҳои онҳо барои пайдо кардани ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод бенатиҷа аст ва ҳеҷ як сохтори давлатӣ ба дархостҳои онҳо посухе намедиҳад.

Ин хонавода рӯзи шанбе изҳоротеро ба номи Радио Фардо – бахши форсии радиои Озодӣ фиристод ва дар он гуфт, ки аз ҳамон рӯзи 25-уми октябр, ки ҷасади хабарнигор ба зодгоҳаш шаҳри Шероз бо ҳавопаймо интиқол ёфт, то ҳол нопайдо аст.

Ризо Ҳақиқатнажод, яке аз хабарнигорони маъруф ва боистеъдоди Радио Фардо дар паи саратон дар беморхонаи шаҳри Берлини Олмон даргузашт. Ҷасади ӯро бо риояи тамоми қоидаҳои расмӣ ба зодгоҳаш вилояти Форс фиристоданд, вале онро то ҳол ҳеҷ як аз наздиконаш надидааст.

Модари журналист, ки шаш сол буд писарашро надидаву дар бораи бемор шудани ӯ ҳам хабаре надошт, дар як изҳороташ гуфт, ки бовар дорад ходимони амниятӣ пайкари Ризоро дуздидаанд. Ин ҳодиса маҳкумияти раҳбарияти Радиои Озодӣ ва мақомоти амрикоиро ба бор овард.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико рӯзи 28-уми октябр гуфт, “тарзи рафтор бо ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод баёнгари тарси зиёди режими Эрон аз журналистон ҳатто баъди маргашон аст”. Мақомот дар Эрон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG