Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон раҳбари Чинро табрик кард


Раҳбари Чин Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Раҳбари Чин Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Чин Си Ҷинпинро ба муносибати бори сеюм интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ва котиби генералии ҳизби коммунистии Чин табрик кард.

Дар барқияи табрикии раҳбари Тоҷикистон интихоби сеюмбораи Ҷинпин ба раҳбарии ин кишвар чун "дастгирии ҷомеаи Чин" аз "шоҳроҳе", ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар мебарад, ситоиш шудааст. Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки ин пирӯзӣ ба "шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат" хоҳад кард.

Чин – як ҳамсоя ва шарики муҳими сиёсию иқтисодии Тоҷикистон буда, қисми аъзами беш аз 3 миллиард доллар қарзи берунаи он аз Чин аст.

Си Ҷинпин 69 сол дошта, соли 2012 бори аввал сари қудрат омад ва дар ду давраи панҷсолаи раёсатҷумҳуриаш, ба қавли мунаққидон, талош кард, аз роҳи тағйири қонун қудратро бештар дар дасти худ бигирад. Пешбинӣ мешавад, ки Ҷинпин талош хоҳад кард, тамоми умр дар қудрат бимонад.

Ҳукумати Чин барои поймолкунии озодиҳо, аз ҷумла, нақзи дағалонаи ҳуқуқи мусалмонон дар вилояти Шинҷон мавриди интиқоди байналмилалӣ аст.

XS
SM
MD
LG