Дар шаҳри Бишкек имрӯз даҳҳо нафар ба нишони ҳимоят аз фаъолони мадание тазоҳурот карданд, ки мақомоти интизомии Қирғизистон онҳоро барои муддате боздошт намуданд.
Рӯзи 23-уми октябр пулис ҳамчунин хонаҳои даҳҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва сиёсатмадоронеро ҷустӯҷу кард, ки мухолифи тарҳи созишномаи таъйину аломатгузории марз бо Узбекистон ҳастанд.
Азиза Абдурасулова, ҳомии ҳуқуқи қирғиз рӯзи 23-уми октябр гуфт, ки баъзе аз ин афрод барои 48 соат боздошт ва сипас раҳо шудаанд. Пулис теъдоди боздоштшудагонро нагуфтааст.
Пештар аз ин вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки парвандаи барномарезӣ ва омодагӣ барои ошӯбҳои оммавиро таҳқиқ мекунад.
Ҷустуҷӯи хонаҳои фаъолони маданӣ ва сиёсатмадорон дар замоне сурат мегирад, ки интизор меравад, Қирғизистогн ва Узбекистон созишномаи таъйину аломатгузории марзи ду кишварро имзо кунанд.
Бар асоси тарҳи созишнома, Қирғизистон бояд қаламрави обанбори Кампиробод дар масоҳати бештар аз 4 400 гектарро ба Узбекистон бидиҳад ва дар иваз 19 ҳазор гектар заминро аз ҷойи дигаре бигирад. Фаъолони маданӣ, сиёсатмадорон ва сокинони наздики обанбор мухолифи созиш ҳастанд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки созиш ба нафъи мардуми кишвараш аст.