Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи тоҷики дигари кушташуда дар Белгород маълум шуд, вале...


Нерӯҳои эҳтиётии Русия ҳангоми тамрин. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои эҳтиётии Русия ҳангоми тамрин. Акс аз бойгонӣ

Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Меҳроб Раҳмонови 23-сола тоҷики дувуми кушташуда дар тамрингоҳи Белгород будааст. Маълумоти бештар дар бораи ӯ ҳанӯз дастрас нест.

Радиои Озодӣ пештар бо мадади корбарон ҳувийяти як тоҷики кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кард ва ӯ Эҳсон Аминзода, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аст.

Ӯ аз деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён буда, ба қавли наздиконаш, ҳафт моҳ пеш барои кор ба Русия рафт ва онҷо дар тарабхонае кор мекард.

Пайвандонаш рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ӯ нияти ба ҷанг рафтан надошт ва маълум нест, чӣ тавр дар тамрингоҳ пайдо шудааст.

Ҳамла ба тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябр рӯй дод. Мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва "ҳамлаи террористӣ" хонданд, вале аз ҳеч давлате ном набурданд.

Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи мақомоти рус, 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд. Онҳо дар ин тамрингоҳ барои рафтан ба ҷанги зидди Украина омодагӣ медиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG