Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони Эвин дар Эрон оташ гирифтааст


Сӯхтор дар зиндони Эвин дар Эрон
Сӯхтор дар зиндони Эвин дар Эрон

Шаби 15 ба 16-уми октябр дар зиндони Эвини Эрон, ки дар онҷо зиндониёни сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд, сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сӯхтор маълум нест. Расонаҳои давлатии Эрон хабар додаанд, ки вазъ зери назорат аст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дар ин зиндон садои тирпарронӣ ба гуш мерасад.

Зиндони Эвинро бештар ба он мешиносанд, ки дар онҷо фаъолони ҷомеа, рӯзноманигорон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва сиёсатмадорони мухолиф нигаҳдорӣ мешаванд.

Расонаҳои рӯ ба ҳукумати Эрон хабар доданд, ки сӯхтор дар пайи эътирози маҳбусон рух додааст. Дар бархе аксҳои нашршуда дида мешавад, ки зиндониён аз оташ фирор карда, ба боми маҳбас баромдаанд.

Исми зиндони Эвин барои шиканҷа шудани зиндониён борҳо дар гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид зикр шудааст.

Марги Маҳсо Аминӣ, духтаре, ки барои беҳиҷобӣ боздошт шуда буд, хашми эрониёнро ба бор овард. Ҳазорон нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон аз моҳи сентябр то кунун даст ба эътироз мезананд.

Ҳангоми саркуби эътирозгарон беш аз 144 нафар кушта ва садҳо нафари дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG