Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Арманистон


Дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде намуди варзиши самборо тамрин мекунанд. Акс аз бойгон
Дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде намуди варзиши самборо тамрин мекунанд. Акс аз бойгон

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон, ки дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван – ҷараён дорад, як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар дохил аст.

Дар рӯзи аввали мусобиқот - 14-уми октябр – панҷ гуштигири тоҷик - Зиёдуллои Сафаралӣ (-46 кг), Бобоҷон Қодиров (-53 кг), Умар Нозимов (-58 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни наврасони синнашон 14-16-сола (кадетҳо) рақобат карданд.

Аз байни онҳо ду нафар - Муҳаммадамин Лоиқов ва Аминҷони Абдулфайёз – медал гирифтанд. Ҳарду барои ҷойҳои севум бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Муҳаммадамин Лоиқов дар вазни то 64 кило дар нахустин қувваозмоиаш паҳлавони муғул Тумууҷун Наренбатро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Лоиқов дар чорякфинал аз гуштигири қазоқ Аскар Токмаханбет шикаст хӯрд. Муҳаммадамин баъдан дар даври тасаллобахш бар варзишгари Молдова Павел Кутуҷуклу дастболо шуда, сипас барои медали биринҷӣ Владислав Кузнетсови русро, ки таҳти парчами FIAS (Федератсияи байнулмилалии самбо) ҳунарнамоӣ кард, шикаст дод.

Дар вазни то 64 кило Рустам Хатхоу (FIAS 1) бо медали тило, Аскар Токмаханбет (Қазоқистон) бо медали нуқра мукофотонида шуданд. Мҳер Оҳанян (Арманистон) ва Муҳаммадамин Лоиқов (Тоҷикистон) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Аминҷони Абдулфайёз бошад, дар вазни то 71 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Атмир Соблиров (FIAS) мағлуб шуд. Аз сабаби он ки Аминҷон дар даври аввал озод буд, ӯ баъди ин нокомӣ ба даври тасаллобахш роҳ ёфт. Дар ин давр баъди пирӯзӣ бар Мҳер Мартиросян аз Арманистон дар рақобат барои медали биринҷӣ Зая Сойолердении муғулро шикаст дод ва медали дувуми биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба мунтахаби Тоҷикистон овард.

Дар вазни то 71 кило Атмир Соблиров (FIAS 1) бо медали тило, Нурмуҳаммад Муратов (Қирғизистон) бо медали нуқра, Аминҷони Абдулфайёз (Тоҷикистон) ва Василий Тсакиров (Гурҷистон) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Рӯзи дувуми қаҳрамонии ҷаҳон - 15-уми октябр - рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир гардид. Дар мусобиқаи наврасони 16-18-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро шаш гуштигир намояндагӣ кард: Муҳаммад Қурбонов (-53 кг), Анушервон Назарзода (-58 кг), Абдуллои Ориф (-64 кг), Бахтиёр Ғафуров (-79 кг), Аҳлиддин Мақсудов (-88 кг), Муҳсин Маллаев (-98 кг).

Аз байни онҳо танҳо як нафар – Абдуллои Ориф – соҳиби медал шуд. Ӯ дар вазни то 64 кило ба финал роҳ ёфт. Рақибаш Батдаваа Батҳуяг аз Муғулистон буд. Гуштигири муғул ғолиб шуда, медали тило гирифт. Абдулло бо медали нуқра сарфароз гашт. Мунарбек Бахтиёр Уулу аз Қирғизистон ва Лука Гаделла аз Гурҷистон барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван, ки имрӯз, 16-уми октябр, ба поён мерасад, варзишгарони навраси 23 кишвар барои 55 маҷмуи медалҳо аз рӯи дараҷаҳои гуногуни вазнӣ рақобат мекунанд:

Кадетҳо (писарони 14-16-сола): 46 кг, 49 кг, 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, +88 кг.

Кадетҳо (духтарони 14-16-сола): 41 кг, 44 кг, 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, +72 кг.

Наврасон (16-18-сола): 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Духтарон (16-18-сола): 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.

Навҷавонон (18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Духтарон (18-20-сола): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.

Самбои размӣ (навҷавонони 18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Дар ду рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван - 14-15-уми октябр - мусобиқаи кадетҳо (писарон ва духтарон) оид ба самбои варзишӣ, инчунин рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон доир гардида, ғолибону ҷоизадорон дар 43 дараҷаи вазнӣ муайян шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), бори аввал дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон доир гардид. Вале теъдоди варзишгарон дар ҳар як вазн хеле кам – чорнафарӣ (дар вазни -71 кило панҷ нафар) буданд. Дар ин намуд варзишгарони тоҷик ширкат накарданд.

Имрӯз 16-уми октябр, рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир мегардад. Дар мусобиқаи навҷавонони 18-20-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро шаш гуштигир намояндагӣ мекунад: Мусаниф Миробов (-58 кг), Анис Субадоров (-64 кг), Субҳиддин Халилзода (-71 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-79 кг), Озодбек Назарбекзода (-88 кг), Фарзиншоҳ Ҳусейнов (+98 кг).

XS
SM
MD
LG