Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Пирмуҳаммадзода дар Боздоштгоҳ ва бе ҳузури наздикон гузашт. ВИДЕО


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзи 13-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе гузашт, вале бе ҳузури пайвандон.

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "вакили мудофеъ дар бораи оғози мурофиа хабардор карда буд. Шиносномаҳоро гирифта омадем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем. Ҳатто писари калонияшро ба муҳокима роҳ надоданд." Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд.

Муҳаббатшо Баллаев, вакили мудофеи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзи 13-уми октябр гуфт, "имрӯз ҷонибҳо бо парванда шинос шуданд" ва тафсилот надод. Дар посух ба ин суол, ки чаро наздикони Пирмуҳаммадзода ба мурофиа роҳ наёфтанд, гуфт, "имрӯз танҳо шиносоӣ буд, мурофиа нашуд." Хонаводааш мегӯянд, "имрӯз мурофиаи нахустин буд".

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ба ӯ аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад. Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад. Вакили мудофеи Пирмуҳаммадзода мегӯяд, зерҳимояаш шиканҷа нашуда, "ба гуноҳи худ иқрор кардааст".

Муҳокимаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пушти дарҳои баста оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе" моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон машҳур шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ба дод омадааст. Пас аз он дар Ютуб саҳифае кушоду ба шарҳи масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ пардохт.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун ду нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон – маҳкум шуда, додситон ба далери Имомалӣ 10,5 сол зиндон талаб кардааст.

Созмонҳои ҳомии хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу таҳдиду фишорро бас ва рӯзноманигорону блогеронро озод кунад, вале мақомот посухе надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG