Барои таҳқиқи сабабҳои заҳролудшавӣ аз оксиди карбон дар кони тилои Иштамбердии Қирғизистон комиссияи байниидоравӣ таъсис шудааст.
Ба иттилои хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, муовини раиси девон Бакит Торобаев ба Хадамоти бехатарии экологӣ ва техникии ин кишвар дастур дода, ки сабабҳои ихроҷи газ дар кони тиллои Иштамбердии ширкати "Фулл Gold Mining" таҳқиқ карда шавад.
Торобоев бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ҳалокшудаҳо гуфт, рафъи оқибатҳои ҳодисаи изтирорӣ дар кони ноҳияи Чотколи вилояти Ҷалолобод таҳти назорати шахсии ӯ қарор дорад.
Ширкати "Full Gold Mining" ба наздикону пайвандони қурбониён ва осебдидаҳо кумак хоҳад кард.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, 11 октябр дар натиҷаи ихроҷи газ дар кони тилои мазкур ду корманди 24 ва 36-сола ҷон бохта, даҳҳо кас осеб дидааст.