Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Абдуллоҳ Ғурбатӣ "зери фишор" ва "бо ваъдаи раҳоӣ" ба гуноҳ иқрор кард


Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Манобеи огоҳ аз қазияи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, ки ӯ ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм "зери фишор дар наворе ба гуноҳ иқрор карда", хоҳони раҳоияш шудааст. Ӯро ҳафтаи гузашта ба 7,5 сол зиндон маҳкум карданд, аммо наздиконаш розӣ нестанд.

Навори "эътироф"-и ӯ то ҳол дар ҷое нашр нашуда, маълум нест, дар мурофиаи додгоҳӣ истифода шудааст ё не. Муҳокимаи Ғурбатӣ паси дарҳои баста гузашт ва ҳукмашро бе ҳузури пайвандон хонданд.

Як корманди Боздоштгоҳ, ки шоҳиди наворгирӣ будааст, рӯзи 12-уми октябр бе зикри ном гуфт, "Абдуллоҳ Ғурбатиро зери фишор ва бо ваъдаи инки озод хоҳанд кард, дар назди дурбин ба суҳбат маҷбур намуданд."

Ин манбаъ иддао дорад, "шахсоне, ки ӯро ба навор гирифтанд, маъмурони умури дохилӣ буданд. Ба Абдуллоҳ гуфтанд, суҳбаташ дар телевизиони давлатӣ пахш хоҳад шуд."

Мақомот ҳанӯз ин иддаоро шарҳ надоданд.

Дар ин навор, ба гуфтаи мусоҳиби мо, Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, "гунаҳкор аст" ва хоҳиш дорад, ки ҷавонияшро ба назар гирифта, озод кунанд.

Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба онҳо низ хабар додааст, ки маҷбуран дар назди дурбини видео "суҳбатҳои зиёд кард" ва агар он нашр шавад, ба ягон суханаш бовар накунанд.

Мақомоти тафтишотӣ ва амниятии Тоҷикистон дар пахши наворҳои "эътирофи гуноҳ"-и афроде, ки боздошташон баҳбсарангез аст, собиқаи зиёд доранд.

Дар гузашта даҳҳо навори шахсони боздоштшуда нашр шуда буд, ки мегуфтанд, "гунаҳкоранд" ва "шиканҷа нашудаанд".

Ҳафтае пеш пайвандони рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ даъво карданд, ки ӯ зери фишор ба гуноҳ "эътироф" карда, вале тавассути вакили мудофеаш расондааст, ки гуноҳ надорад.

Фишор ва истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Департаменти давлатии Амрико, борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин рафторашон танқид карда, аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро решакан кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG