Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба иншооти барқии Украина ҳамла кардааст


Украина. Акс аз бойгонӣ.
Украина. Акс аз бойгонӣ.

Неруҳои Русия чандин иншооти барқии Украинаро дар вилояти Лвов мавриди ҳамла қарор доданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ҳудуди вилоят се таркиш рух дода, мушкили бебарқӣ пеш омадааст.

Мақомоти Лвов мегӯянд, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки низоми барқии вилоят кай барқарор мешавад.

Бино ба хабарҳо, ба вилояти Ивано-Франков ҳам чандин зарба зада шудааст.

Як иншооти муҳими зербиноӣ дар ноҳияи Каменски вилояти Днепр низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар вилоятҳои Ровенская ва Винитская низ таркишҳо рух додаанд.

Ба иттилои расмӣ, низоми зидди ҳавоии Украина то ҳол 18 мушаки болдори Русияро дар осмони ин кишвар маҳв кардааст.

Вазорати дифои Русия гуфт, иншоотҳои низомӣ ва низоми барқии Украинаро ҳадаф қарор дод.

XS
SM
MD
LG