Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, ки пайваста барои саркӯби дигарандешон дар кишвараш танқид мешавад, рӯзи 11-уми октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Мақомот мегӯянд, ӯ ду рӯз дар Душанбе мемонад ва бо раиси ҷумҳури Тоҷикистону мансабдорони дигар, аз ҷумла сарвазир, мулоқот хоҳад кард. Барномаи дигари сафари ӯ маълум нест.
Дар айни замон як гуруҳ аз соҳибкорони Тоҷикистону Беларус додугирифтро байни ду кишвар баррасӣ доранд. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, онҳо то кунун дар бораи тақрибан 46 миллион доллар сармоягузорӣ қарордод имзо кардаанд.