Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод


Талант Мамитов
Талант Мамитов

Талант Мамитов аз мақоми раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод. Ӯ дар ҷаласае рӯзи 5-уми октябр гуфт, ки бо "хоҳиши худ” рафтааст.

"Сабаб ҳодисаи чанд рӯз пеш дар порлумон аст. Мо ихтиёран ба вилояти Бодканд рафтем. Баъзе аз вакилон ин масъаларо дар порлумон матраҳ карданд ва он расонаӣ ҳам шуд. Он замон тасмим гирифта будам, ки ариза навишта, ба Бодканд равам, вале бо хоҳиши ҳамкорон муваққатан салоҳиятҳои худро дар ихтиёри муовини раиси порлумон гузоштам. Имрӯз тасмим гирифтам, ки бо хоҳиши худ аз раисии порлумон канорагирӣ кунам,” -- изҳор дошт Мамитов.

Вакилони порлумони Қирғизистон 22-юми сентябри имсол баъди низои навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14 ва 17-уми сентябри имсол сар зад, пушти дарҳои баста вазъро баррасӣ карданд.

Дар натиҷа, тасмим гирифтанд, ки ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, бо сокинон мулоқот кунанд.

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Бутун Киргизстан" Адахан Мадумаров 28-уми сентябр хабар дод, ки раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба он ҷаласаи пӯшида ду сандуқ силоҳ бурда буд. Дертар акси вакилони порлумони Қирғизистон бо силоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Талант Мамитов яке аз ҳампаймонҳои сиёсии наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) аст ва ӯ баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 дар он кишвар раиси порлумон интихоб шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG