Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи хушдомане, ки ба марги арӯс муттаҳам аст


Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд соли гузашта дар хонааш ёфтанд
Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд соли гузашта дар хонааш ёфтанд

Додгоҳи ноҳияи Файзобод рӯзи 5-уми октябр ба баррасии парвандаи Бибикалон Назирова, сокини 51-солаи ин ноҳия, оғоз кард. Ӯ ба марги келинаш гумонбар аст. Назирова моҳе пеш дастгир шуд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин занро соли гузашта дар хонааш ва бо 26 зарби корд ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Павандонаш аз оғоз ба худкушии ӯ шубҳа доштанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз “гуноҳаш” гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.

“Ҳоло талош доранд, ӯро бемор вонамуд карда, ҷазояшро сабук кунанд ё озод намоянд. Ташхисҳои аввал ӯро солим нишон додаанд. Бовар дорам, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад ва барои хушдоманҳои дигари келинозор дарси ибрат мегардад,” – афзуд ӯ.

Мақомот ва наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд ва эълон кард, ки тафтиши он давом дорад.

Дар Тоҷикистон худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG