Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарпурсӣ: Қарори басеҷ дар Русия эҳсоси "тарс, шок ва хашм"-ро эҷод кард


Даъатшудаҳо ба ҷанг аз Русия
Даъатшудаҳо ба ҷанг аз Русия

Нисфи пурсидашудаҳо дар Русия гуфтанд, ки эълони басеҷи нисбӣ ё мобилизатсия ба артиш онҳоро ҳаросон кард ва танҳо тахминан чоряки пурсидашудаҳо гуфтанд, ки “бо Русия ифтихор мекунанд”.

Пурсише, ки онро маркази назарпурсии “Левада” охирҳои моҳи сентябр дар саросари Русия дар робита бо муносибати аҳолӣ ба мобилизатсия барпо кард, нишон дод, ки 47 дарсади пурсидашудаҳо аз ин маърака эҳсоси тарс, 23 дарсад – шок эҳсос карда 13 дарсад ба хашм омаданд. Эҳсоси тарсу нигарониву шокро 56 дарсади ҷавонҳои то 24-сола таҷриба кардаанд. Маълум нест, ки то куҷо ин омор баёнгари ҳақиқати пурраи вазъ мебошад.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

Радио Свобода менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки “дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд”. Ӯ амр дод, ки нафарони ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

XS
SM
MD
LG