Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Кувайт баргузор шуд, аз тими миллии Узбекистон ба ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон ба ҳисоби 3:1 ба поён расид. Дар нимаи дувуми дидор бозигарони тоҷик хуб ҳунарнамоӣ карда, дар дақиқаҳои охир як гол ба самар расонданд.
Дар ин бозӣ ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров зад. Голҳои мунтахаби Узбекистон ба Элбек Тулқинов, Ҳусниддин Нишонов ва Анасхон Раҳматов мансуб аст. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мунтахаби Узбекистон хотима ёфт.
Бозии дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Туркманистон ва Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 4:4 ба анҷом расид.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “В” мунтахаби Узбекистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои Баҳрайну Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.
Барои унвони қаҳрамони Осиё 16 дастаи мунтахаби зӯртарини қора дар Кувайт мубориза мебарад. Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба даври баъдӣ – плей-офф - роҳ меёбанд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум ва охирини Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» 1-уми октябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои миллии Узбекистон ва Баҳрайн барпо мегардад.
Зимнан, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дувумро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки дар Кувайт ҷараён дорад, роҳ ёфт.
"Мақсади мо дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Кувайт нишон додани ҳамаи он чизест, ки ба он қодир ҳастем. Мекӯшем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Вазифаи мо ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст", - гуфт сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамони Осиё иштирок кардааст ва танҳо як бор – соли 2007 дар Ҷопон – аз гурӯҳи худ баромада, ба плей-офф роҳ ёфтааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);
Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.
Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Баҳрайн – Тоҷикистон – 3:4
Голҳо: Умед Қузиев, 7 (0:1). Умар Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антар, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассим Солеҳ Анан, 38 (3:4).
27-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».
Узбекистон – Туркманистон – 8:0
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Узбекистон – 2:3
Голҳо: Элбек Тулқинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Раҳматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).
29-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-дулло».
Туркманистон – Баҳрайн – 4:4
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбекистон |
2 |
2 |
0 |
0 |
11-2 |
6 |
2 |
Тоҷикистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
6-6 |
3 |
3 |
Баҳрайн |
2 |
0 |
1 |
1 |
7-8 |
1 |
4 |
Туркманистон |
2 |
0 |
1 |
1 |
4-12 |
1 |
Даври 3-юм
1-уми октябр (шанбе)
13:00 – Тоҷикистон – Туркманистон
16:00 – Узбекистон – Баҳрайн
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Гуфтугӯ