Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон барои насби дурбинҳо созиш кардаанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нуктаҳои дигари санадеро шарҳ дод, ки рӯзи 25-уми сентябр миёни раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо шуд.

Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки на танҳо марзбононро аз баъзе посгоҳҳо берун оранд, балки нигаҳдории марзро ба дӯши нерӯҳое гузоранд, ки дар сарҳад рафту омад кунанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо созиш кардаанд, дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

"Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сокинони Тоҷикистону Қирғизистон дар амалисозии фаъолияти кишоварзӣ дар заминҳои пештар истифодашавандаи Тамдиқ (Қирғизистон) - Бедак (Тоҷикистон) ва Булак-Бошӣ" (Қирғизистон), Кех "Тоҷикистон" мусоидат хоҳанд кард. Кори гуруҳи муштарак барои берун бурдани неруҳо ва техникаи низомии изофӣ идома хоҳад кард", - омадааст дар хабарномаи КДАМ Қирғизистон.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати Суғд танҳо дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз суҳбат шудааст. Ҷонибҳо рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале маълум нест, чаро иҷро нашуд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG