Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон гуфт, Киеву Маскав 200 асирро табодул мекунанд


Раҷаб Эрдуғон
Раҷаб Эрдуғон

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар суҳбат бо "PBS" хабар додааст, ки Русия ва Украина 200 асирро табодул мекунанд.

"200 зиндонӣ бар асоси тавофуқи ҷонибҳо табодул мешавад. Фикр мекунам, як қадами муҳиме ба пеш гузошта мешавад", - гуфт Эрдуғон. Вай мушаххасан нагуфт, ки табодул аллакай сурат гирифтааст, ё не ва ҷузъиёти дигар низ ироа накард.

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, Русия талош дорад, ки ҳарчӣ зудтар ба ҷанг дар Украина хотима бахшад. Дар ин бора президенти Туркия пас аз мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Узбекистон хабар додааст.

"Ман бо Путин дар Узбекистон мулоқоти тӯлонӣ доштам. Фаҳмидам, ки онҳо талош доранд, ҷангро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд. Ин вазъ як мушкили бузург аст", - изҳор доштааст президенти Туркия.

Маскав бори охир дар бораи табодули асирон бо Киев охири моҳи июни имсол хабар дода буд. Баъдан ҳарду ҷониби муноқиша тасдиқ карданд, ки онҳо дар формати "144 ба 144" низомиёнро табодул намудаанд.

XS
SM
MD
LG