Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Ҷабборов дар "Рӯзи мотами миллӣ"-и Қирғизистон


Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)
Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) 19-уми сентябр ба сокинони кишвараш паём дод. Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ҳодисаҳои ахири марзӣ гуфт, давлат ба онҳо кумак хоҳад кард.

Ҷабборов ҳамчунин ба онҳое изҳори миннатдорӣ кард, ки ба осебдидаҳои ҳодисаҳои марзӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон ёрӣ мекунанд.

"Хазинаи мо холӣ нест, давлат имкон дорад, ки эҳтиёҷи хидматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони зарардидаи худро таъмин намояд. Артиши мо дигар он артиши ду сол пеш нест. Ҳоло артиши мо нерӯманд мешавад. Давлати Қирғизистон барои дар ояндаи наздик барқарор намудани хонаҳои харобшудаи сокинон низ маблағ дорад. Мо қавитар шудаем ва ин душманони дохиливу берунии моро ба ташвиш меорад," -- афзудааст ӯ.

Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) аз мардуми Қирғизистон даъват кард, ки ба сухани иғвогарон дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ бовар кунанд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар Қирғизистон "рӯзи мотами миллӣ" эълон шудааст.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сар зад. Аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози муноқиша ва таҷовузи мусаллаҳона ба қаламрави худ айбдор мекунанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар даргирӣ 59 кас кушта ва 144 нафар осеб диданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр аз кушта шудани дастикам 30 ғайринизомӣ хабар дод, вале омори пурраи низомиёни ҳалокшударо нагуфт.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз кушта шудани 60 нафар ва захмӣ шудани садҳо кас хабар дод. Манобеи Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи кушта шудани 39 нафар иттилоъ доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG