Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Бодканд вазъи фавқулода ҷорӣ шуд


Аҳолиро аз Ботканд мекӯчонанд. 15.09.2022
Аҳолиро аз Ботканд мекӯчонанд. 15.09.2022

Қирғизистон дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон вазъияти фавқулода ҷорӣ кард.

Дар хабари Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон омадааст, ҳадаф аз ҷорӣ кардани ҳолати изтирорӣ “таъмини амнияти шаҳрвандон дар маконҳои муноқиша, анҷом додани корҳо оид ба кӯчондани аҳолӣ, пешгирии маргумир ва сафарбар намудани нерӯҳои дахлдор” аст.”

Мақомоти қирғиз гуфтанд, ду рӯзи ахир ҳазорҳо нафарро ба ҷойи амн кӯчондаанд. Дар бораи кӯчондани сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон расман хабар дода намешавад.

Вилояти Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст. Чор рӯзи ахир дар ин минтақаҳо муноқиша идома дорад. Бо вуҷуди эълони оташбас, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, дар чанд нуқта тирпарронӣ сар задааст.

XS
SM
MD
LG