Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

440 ҷасад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гӯрҳои дастаҷамъии ошкоршуда дар Изюми Украина таконзада шуд


16 сентябр, наздикиҳои шаҳри Изюми вилояти Харкови Украина.
16 сентябр, наздикиҳои шаҳри Изюми вилояти Харкови Украина.

Дипломатҳову раҳбарони кишварҳои ғарбӣ аз ошкор шудани гӯрҳои дастаҷамъӣ дар канораҳои шаҳри аз дасти нирӯҳои Русия озодшудаи Изюм таконзада шуданд. Дар аксар изҳороте, ки 16-уми сентябр нашр шуд, талаби ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони ин ин ҷиноят садо медиҳад. Бовар меравад, ки аксар ҷасадҳо марбут ба сокинони мулкӣ будааст.

Сафири ИМА дар Украина Бриҷет Бринк дар Твиттераш гуфт, ки ошкор шудани гӯри дастаҷамъӣ “як вокуниши ҳамагонаии моро барои ба ҷавобгарӣ кашидани Русия барои чунин ваҳшонияташ” тақозо мекунад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, ки рафтори Русия “даҳшатовар” аст ва ба ҷинояти ҷангӣ монанд мебошад, Жозеп Боррелл, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки таконзада шудааст ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳодисаҳои Изюмро ваҳшоният номид.

Ба иттилои вазорати дифои Украина, дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дастикам 440 ҷасад ошкор шуд ва ба гуфтаи волии Харков Олеҳ Синиеҳубов, дар 99 дарсади ҷасадҳое, ки аллакай аз зери хок берун оварда шудаанд, нишонаҳои марги пурхушунат дида мешавад.

Русия ҳанӯз дар ин замина вокунише накардааст, вале президент Владимир Путин ҳушдор дод, ки ҷангро идома медиҳад. Ӯ гуфт, ки “озод кардани” минтақаи Донбаси Украина як ҳадафи асосии низомии Русия боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG