Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бо оилаҳои амрикоиҳои зиндонӣ дар Русия вохӯрд


Бритни Грайнер дар як додгоҳи Русия
Бритни Грайнер дар як додгоҳи Русия

Президенти ИМА Ҷо Байден бо аъзои оилаҳои ситораи баскетбол Бритни Грайнер ва ҳам як амрикоии дигар Пол Вилан мулоқот кард ва ин аввалин чунин мулоқоти рӯбарӯи ӯ бо наздикони ҳамватанони зиндониаш дар Русия буд. Аз оилаи Вилан хоҳараш Элизабет Вилан омада буд ва Грайнерро ҳамсараш Шерил Грайнер намояндагӣ кард. Дар изҳороте, ки Кохи Сафед баъди анҷоми ин мулоқот нашр кард, гуфта мешавад, ки Байден ба онҳо таъкид кардааст, ки тамоми талошашро барои бозгашти амни онҳо ба ватан ба харҷ хоҳад дод. Аз ин пеш Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо матбуот гуфт, ки барои озод кардани Грайнер музокираҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG