Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: 24 кушта ва 87 захмӣ


Бодканд, 16-уми сентябри 2022
Бодканд, 16-уми сентябри 2022

Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки дар задухӯрди 16-уми сентябр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 24 нафар кушта, 87 кас маҷруҳ шудаанд.

Вазорат дар аввали рӯзи 17-уми сентябр гуфт, панҷ кӯдаки осебдидаро аз Бодканд ба Бишкек фиристоданд.

Пеш аз ин, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона дар сарҳад талафоти зиёд доданд, вале рақами дақиқеро ба забон наовард.

Ӯ гуфт, “талафот асосан дар байни низомиён аст. Ҳоло муайян мекунем, ки чӣ қадар. Мутаассифона, қурбониён ва захмиён зиёданд.”

Ҷониби Тоҷикистон омори захмиёну кушташудаҳоро эълон накард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги чанд марзбону сокини одӣ дар Исфараву Бобоҷон Ғафуров гузориш доданд, вале мақомот онҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

Оҷонсии “Рейтерс” дар бораи марги як нафар дар Исфара навишт. “Азия-Плюс” мегӯяд, як марзбон кушта шудааст.

Задухӯрди нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр ва баъди ду рӯзи тирпарронӣ байни Бодканду Исфара сар зад. Дар он ҳодиса ду марзбони тоҷик кушта ва аз ҳарду ҷониб чандин нафар захмӣ шуданд.

Ҷанҷол бар сари қитъаҳои номуайяни сарҳад аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои ҳалли ниҳоии он забон намеёбанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG