Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири номи пойтахти Қазоқистон: вакилони шаҳрӣ ҷонибдорӣ карданд


Вакилони маслиҳати шаҳрии Нурсултони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябр аз ташаббуси баргардонии номи Остона ба пойтахти он кишвар ҷонибдорӣ карданд.

Буркитбой Аяган, узви маҷлиси шаҳрӣ гуфт, тасмим дар бораи ба Нурсултон табдили ном кардани Остона дар соли 2019 "шитобкорӣ" буд.

Вакили дигар, котиби Иттифоқи нависандагони Қазоқистон Давлатқорӣ Капулӣ гуфт, ки "сарнавишти давлат боарзиштар аз сарнавишти як шахс аст". Вай илова кард, номи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар эҷодиёти нависандагон сабт шуда ва дар таърих боқӣ хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Шӯрои конститутсионии Қазоқистон пешниҳоди тағйироти нав ба Конститутсияи он кишварро қонунӣ донист.

Муроҷиати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро дар бораи тағйирот Шӯрои конститутсионӣ дар ҳайати раиси Шӯро Кайрат Мамӣ, аъзои Шӯро Асхат Даулбоев, Виктор Малиновский, Раҳмат Мукашев, Алибек Темербеков ва Унзила Шапак баррасӣ карданд.

Ба ин тартиб, Шӯро хулосаи мусбат додааст, ки пешниҳод дар бораи "як давраи ҳафтсола таъйин кардани муҳлати президентӣ" ва "тағйири номи пойтахти Қазоқистон" қобили қабул ҳастанд.

Баъди он ки Тоқаев ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии он кишварро пешниҳод кард, вакилони порлумон пешниҳоди баргардонидани номи пешини пойтахти Қазоқистонро карданд. То замоне, ки пойтахти Қазоқистон Нурсултон ном гирад, Остона ном дошт. Акнун, пойтахти он кишвар дубора номи Остонаро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG