Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон барои барқарорсозии тамомияти арзияш аз СПАД кумак хост


 Никол Пашинян, сарвазири Арманистон
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, ки Ереван барои барқарорсозии тамомияти арзии ин кишвар аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмак хостааст.

Ба гуфтаи ӯ, Арманистон ба ҷуз аз СПАД, аз Русия низ кӯмаки низомӣ хостааст.

Пашинян афзуда, ки неруҳои Озарбойҷон дар натиҷаи задухӯрдҳо баъзе аз минтақаҳои Арманистонро тасарруф кардаанд. Дар ин задухӯрдҳо 105 низомии арманӣ кушта шудааст. Аммо ба гуфтаи Пашинян, "дар Арманистон ҳоло зарурати ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ вуҷуд надорад".

Дар ҳамин ҳол, котиботи СПАД хабар додааст, ки як гурӯҳ ба раҳбарии сардори ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 15-уми сентябр озими Арманистон хоҳанд шуд.

Ҳукумати Арманистон мегӯяд, шаби 12 ба 13-уми сентябр неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон чанд шаҳр ва деҳаи наздимарзиро гулулаборон карданд. Ҷониби Озарбойҷон гуфтааст, ин кор посух ба иғвоандозии тарафи Арманистон буд.

Низои нав миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 даргирифт. Арманистону Озарбойҷон ду сол қабл бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG