Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қирғизтаборҳои Тоҷикистонро ба таҳсил даъват кардааст


Имтиҳон дар сафоратхонаи Қирғизистон дар Душанбе
Имтиҳон дар сафоратхонаи Қирғизистон дар Душанбе

Дар сафоратхонаи Қирғизистон дар Душанбе барои қирғизтаборҳои шаҳрванди Тоҷикистон имтиҳони қабул ба донишгоҳҳои Қирғизистон барои солҳои 2022-23 баргузор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 12-уми сентябр дар саҳифаи расмиаш дар бораи ин ҳодиса дар ҳоле хабар медиҳад, ки баъди муноқишаи хунини апрели соли 2021 марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон баста мемонанд ва таҳсили донишҷӯҳои тоҷикистонӣ дар ин кишвар ҳам маҳдуд шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, қабули имтиҳонҳо дар асоси амри президенти ин кишвар “Дар бораи чораҳои дастгирии ҳамватанони сокини кишварҳои хориҷӣ дар масоили таҳсил ва фарҳанги миллӣ” ҷараён гирифт. Ба иттилои мақомоти қирғиз, имтиҳонҳои қабул рӯзи 8-уми сентябр баргузор шудаанд ва дар ин имтиҳонҳо ҷавонҳои сокини ноҳияҳои Мурғобу Лахш ва вилояти Суғди Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, барои соли таҳсили имсола барои қирғизтаборҳои Тоҷикистон дар риштаҳои буҷавии мактабҳои олии Қирғизистон 25 ҷой ҷудо шудааст. Қабули имтиҳонҳоро дар Тоҷикистон комиссиюни вижаи ташкилшуда аз ҳисоби кормандони вазорати маорифи Қирғизистон ва дигар сохторҳо ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG