Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар Қазоқистон корпартоӣ карданд


Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Актау, маркази маъмурии вилояти Мангистауи Қазоқистон ва дар ноҳияҳои ин вилоят корпартоӣ карданд.

Дар ин корпартоӣ, ки охири ҳафтаи гузашта оғоз ёфт, кормандони "Ёрии таъҷилӣ"-и ноҳияҳои Жанаозен, Мунайлинский, Бейнеуский ва Тупкараганск иштирок доранд.

Эътирозгарон афзоиши маош ва таъмини пардохтҳои иҷтимоиро бо зикри он дар қарордоди корӣ талаб мекунанд.

Корпартоӣ дар Жанаозен 10-уми сентябр шуруъ шудааст. Яке аз эътирозгарон Мурод Белбоев гуфт, "дар ҳоли ҳозир як мошини "Ёрии таъҷилӣ" кор мекунад ва он ҳам танҳо барои беморони вазнин".

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар Актау ҳам талаби ҳамсон доранд.

Сардори Раёсати тандурустии Мангистау Амонбек Жумиров мегӯяд, тартиби афзоиши маошро ба коршиканон фаҳмондааст, вале "онҳо намефаҳманд".

XS
SM
MD
LG