Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурбинҳои назоратии Алмаато чеҳрашинос мешаванд


Мақомоти шаҳри Алмаатои Қазоқистон мехоҳанд, ба низоми назорати видеоии шаҳр дурбинҳои чеҳрашинос илова кунанд.

"Барои ҷустуҷӯи шахсони гумонбару бедаракшуда, таъмини амният дар фурудгоҳ, истгоҳ ва ҷойҳои серодами шаҳр аз соли 2026 дурбинҳои чеҳрашинос насб карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Алмаато.

Насби ин дурбинҳо дар барномаи рушди Алмаато барои солҳои 2025-2030 пешбинӣ шудааст.

Дар доираи ин барнома, қарор аст, дар ҳудуди шаҳр 7 ҳазор дурбини назоратӣ насб карда шавад.

XS
SM
MD
LG