Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Норов вазири умури хориҷии Узбекистон таъйин шуд


Владимир Норов аз моҳи апрел вазири мувақатии умури хориҷии Узбекистон буд.
Владимир Норов аз моҳи апрел вазири мувақатии умури хориҷии Узбекистон буд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо имзои як фармон, Владимир Норовро вазири умури хориҷӣ таъйин кардааст.

Фармон рӯзи 9-уми сентябр имзо шудааст ва вакилони мардумӣ ҳам онро чанд соат баъд тасдиқ кардаанд. Владимир Норов аз моҳи апрел ба ҳайси вазири муваққатии умури хориҷӣ кор мекард ва ба ҷойи Абдулазиз Комилов омад.

Абдулазиз Комилов чанд ҳафта баъд аз вазифа рафт, ки ба вакилони мардумии Узбекистон гуфт, кишвар ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск дар Украинаро ба расмият намешиносад.

Ӯ ҳамчунин ба “ҳалли сулҳомези” ҷанги бедалели Русия дар Украина даъват кард. Комилов ҳамчунин гуфт, ки Узбекистон саъй дорад, то аз ҳаргуна таъсири таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русия ба иқтисоди Узбекистон пешгирӣ кунад.

Иддае аз соҳибназарон гуфтаанд, ки азбаски Узбекистон як шарики наздики Русия аст, ҳамин баёнияҳо сабаби аз мақомаш рафтани Абдулазиз Комилов шуд.

XS
SM
MD
LG