Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои КДАМ Қирғизистон қариб 50 бинои нав сохтаанд


Дар як соли охир дар саросари Қирғизистон барои Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) он кишвар қариб 50 бинои нав сохта шудааст. Дар ин бора раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев хабар дод.

Тошиев гуфт, "ба КДАМ таваҷҷуҳ намешуд ва кормандони ин ниҳод дар маҳалҳо дар хонаҳои мардум, дар биноҳои дигарон ва ё китобхонаҳо кор мекарданд".

"Ҳатто як бино барои КДАМ сохта нашуда буд. Аз соли гузашта мо ин умурро ба даст гирифтем, дар саросари кишвар наздики 50 бино сохта шуд, қариб 150 мошин ва бештар аз 100 техникаи махсус ва дигар дастгоҳҳо харидорӣ шуд", - гуфт вай.

Вай нагуфт, ки барои ҳамаи ин чи қадар маблағ харҷ ва аз кадом манбаъ дастрас шудааст.

XS
SM
MD
LG