Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон дастур дод, иҷораи китобҳои дарсӣ ройгон шавад


Дар пайи нигарониҳои сокинони Узбекистон дар робита ба якбора гарон шудани иҷораи китобҳои дарсии хонандагон ва дафтарҳои корӣ, президенти он кишвар ба зердастонаш дастур дод, ки "барои иҷораи ройгони китобҳо чораҷӯӣ шавад".

"Бо назардошти муҳим будани китобҳои дарсӣ барои таҳсили кӯдакон ва бо ҳадафи дастгирии хонандагон ва волидони онҳо, таъмини адолати иҷтимоӣ роҳбари давлат ба девони вазирон ва вазорати маорифи халқӣ дастур дод, ки барои иҷораи ройгони китобҳои дарсӣ ва дафтарҳои корӣ чораҷӯӣ шавад", - хабар дод Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон.

Имсол иҷораи китобҳои дарсӣ дар Узбекистон ба 5707 сӯм расид. Дар ҳоле ки соли гузашта иҷораи як китоби дарсӣ дар мактабҳо 2740 сӯмро ташкил медод.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, баъди гарон шудани коғаз дар бозори ҷаҳонӣ иҷораи китобҳоро боло бурданд.

XS
SM
MD
LG